НАРХИ РОҲКИРО ДАР ПОЙТАХТ БАЛАНД МЕГАРДАД
Душанбе, 28 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонии пойтахт то 25 % баланд хоҳад гашт», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» Абдуҳомид Шералиев. Мавсуф афзуд, ки асосҳои иқтисодии ин масъаларо сохторҳои марбутаи пойтахт пурра баррасӣ карда, барои мувофиқа ба вазорату идораҳои ваколатдори ҷумҳуриявӣ пешниҳод намудаанд. Абдуҳомид Шералиев зикр кард, ки нархи тарифҳое, ки дар нақлиёт истифода мешаванд, қариб 50 % боло рафтааст. Ба ғайр аз ин нархи сӯзишворӣ, нерӯи барқ баланд гардида, нархи қисмҳои эҳтиётӣ, хусусан автошина ва аккумулятор майл ба болоравӣ доранд. Аз ин рӯ, баланд шудани нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашонии пойтахт аз эҳтимол дур нест.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






