НАТИҶАИ МУБОРИЗА НОМАЪЛУМ АСТ

Июль 28, 2010 09:23

Душанбе, 28 июл.(АМИТ «Ховар»,Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии  «Мубориза бар зидди малах», имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон идома дорад. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, паҳншавии малах то 26 –уми июли соли ҷорӣ дар майдони 101 ҳазору 730 гектар ба қайд гирифта шудааст, ки масоҳати 78 ҳазору 863 гектари он тавассути моддаҳои кимиёвӣ ва  бо усули   ба хандақҳо ронда гӯронидани он  тоза карда шудааст. Бо вуҷуди сафарбарии умумии аҳолӣ дар мубориза бар зидди малах, ҳанӯз дар масоҳати 23 ҳазор гектар малах ва баъзе аз ҳашароти ба зироату пахта зараровар, аз қабили малах ва тортанаккана  пурра нест карда нашудааст, ки ин боиси ташвиши зироаткорону пахтакорон гардидааст. Алҳол дар 10 ноҳияи вилояти Хатлон,  5 ноҳияи вилояти Суғд ва 4 ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ хавфи таҳдиди малах  ба зироат ва пахта аз байн нарафтааст. Бо вуҷуди баъзе сабабҳои субъективӣ, имрӯзҳо аз 590 нафар қувваи корӣ, 22 адад трактори дорупошӣ ва 450 дорупошаки дастӣ дар мубориза бар зидди малах истифода карда мешавад, вале ҳанӯз маълум нест, ки ҳашароти зараррасон бо ин ҳама заҳмати кашида  пурра нест   мешавад ё не?

Июль 28, 2010 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд