НАВОЗАНДАИ ТОҶИК ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ СОҲИБИ ҶОИЗАИ АВВАЛ ГАРДИД

Июль 2, 2010 16:08

Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Хатмкардаи Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ Парасту Саодатова дар ду озмуни байналхалқӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гардид. Аз ҷумла, дар Италия дар XII-умин Озмуни байналхалқии «EUTERPE»  Парасту Саодатова соҳиби ҷоизаи аввал шуда, дар III-юмин Озмуни байналхалқии ба номи Д.  Кабалевский, ки дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия доир шуд, дар номинатсияи «Ансамбли навозандагон» соҳиби ҷойи сеюм гардид. Бояд гуфт, ки Парасту айни ҳол тибқи квота дар Донишкадаи давлатии омўзгорӣ-мусиқии ба номи М. Ипполитов-Иванови Федератсияи Русия таҳсили илм мекунад. Ҳамчунин, тибқи барномаи давлатии тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг имсол 14 нафар довталабон интихоб шуда, барои супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ ба макотиби олии мусиқии Федератсияи Русия фиристода шуданд. Ёдрас шудан ба маврид аст, ки айни ҳол дар макотибҳои олии  Русия, Украина ва Қазоқистон 78 нафар тоҷикистониён дар 27 равия таҳсил мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.    

Июль 2, 2010 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд