НАВОЗАНДАИ ТОҶИК ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ СОҲИБИ ҶОИЗАИ АВВАЛ ГАРДИД
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Хатмкардаи Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ Парасту Саодатова дар ду озмуни байналхалқӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гардид. Аз ҷумла, дар Италия дар XII-умин Озмуни байналхалқии «EUTERPE» Парасту Саодатова соҳиби ҷоизаи аввал шуда, дар III-юмин Озмуни байналхалқии ба номи Д. Кабалевский, ки дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия доир шуд, дар номинатсияи «Ансамбли навозандагон» соҳиби ҷойи сеюм гардид. Бояд гуфт, ки Парасту айни ҳол тибқи квота дар Донишкадаи давлатии омўзгорӣ-мусиқии ба номи М. Ипполитов-Иванови Федератсияи Русия таҳсили илм мекунад. Ҳамчунин, тибқи барномаи давлатии тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарҳанг имсол 14 нафар довталабон интихоб шуда, барои супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ ба макотиби олии мусиқии Федератсияи Русия фиристода шуданд. Ёдрас шудан ба маврид аст, ки айни ҳол дар макотибҳои олии Русия, Украина ва Қазоқистон 78 нафар тоҷикистониён дар 27 равия таҳсил мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






