НАЗДИК ШУДАН БА НИШОНДИҲАНДАҲОИ ПЕШАЗБӮҲРОНӢ

Июль 29, 2010 10:14

Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нишасти матбуотие, ки ба ҷамъбасти нимсолаи рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ  дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида шуд, вазири рушди иқтисод Фаррух Ҳамралиев ба хабарнигорони дохилу хориҷи кишвар иброз намуд, ки дар давоми моҳҳои январ – июни соли 2010 суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7,4 фоиз боло рафтааст. Ин болоравӣ давра ба давра  ба нишондиҳандаҳои пешазбӯҳронӣ наздик мешавад. — Ҳаҷми номиналии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз рӯи нархҳои ҷорӣ 9 млрд. 622 млн. сомонӣ ва индекс – дефлятори нархҳо 114,9 фоизро ташкил додааст,- гуфт вазир.  Бино ба гуфти вазир, бо мақсади рушди иҷтимоӣ — иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби Ҳукумат   ҳоло 9 барномаи рушди минтақаҳои ҷумҳурӣ қабул ва амалӣ гардида истодааст. Ҳамзамон бо мақсади рушди   минтакаҳо аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  маҳаллии шаҳру ноҳияҳо дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди  СММ 15 барномаи миёнамӯҳлати рушди ноҳиявии минтақа таҳия мегардад. Сипас, баҳсҳои доманадор миёни рӯзноманигорон ва мутасаддиёни вазорат доир ба бисёр масъалаҳои доғи рӯз сурат гирифт, ки ислоҳи  онҳор зарур шуморида шуд. 

Июль 29, 2010 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад