НАЗОРАТИ ПРОКУРОРӢ ПУРЗӮР КАРДА МЕШАВАД

Июль 13, 2010 11:22

Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба  иттилои ёрдамчии прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддинов, назорати прокурорӣ оид ба истифодаи ғайримақсадноки замин дар ҳамаи навоҳии вилоят пурзӯр карда шуда, даҳҳо ҷиноят оид ба худсарона ишғол кардани замин ошкор карда шуд. Тибқи як санҷиши прокурорӣ дар ноҳияи Фархор,  раиси хоҷагии деҳқонии «Ховалинг» Эмом Муродов  барои ғайриқонунӣ дар замини кишоварзии ҳудуди хоҷагӣ  сохтани  манзили истиқоматӣ боздошт карда  шудааст. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, раиси хоҷагии деҳқонӣ бо сӯистифода аз ваколатҳои худ, бар хилофи манфиатҳои хоҷагӣ моҳи апрели соли 2010 худсарона ва бе ҳуҷҷати расмӣ дар замини корами обии хоҷагӣ, ки  дар  мувозинаи хоҷаги меистад, дар масоҳати 120 м2   манзили истиқоматӣ бунёд намудааст.             Дар прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба ҷинояти содир кардаи Эмом Муродов бо моддаи 295 қ.1(сӯистифодаи ваколат аз ҷонибикормандони ташкилоти тиҷоратӣ ва дигар ташкилот)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда,  тафтишот  мебаранд.                                             

Июль 13, 2010 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд