НАЗОРАТИ ПРОКУРОРӢ ПУРЗӮР КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои ёрдамчии прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддинов, назорати прокурорӣ оид ба истифодаи ғайримақсадноки замин дар ҳамаи навоҳии вилоят пурзӯр карда шуда, даҳҳо ҷиноят оид ба худсарона ишғол кардани замин ошкор карда шуд. Тибқи як санҷиши прокурорӣ дар ноҳияи Фархор, раиси хоҷагии деҳқонии «Ховалинг» Эмом Муродов барои ғайриқонунӣ дар замини кишоварзии ҳудуди хоҷагӣ сохтани манзили истиқоматӣ боздошт карда шудааст. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, раиси хоҷагии деҳқонӣ бо сӯистифода аз ваколатҳои худ, бар хилофи манфиатҳои хоҷагӣ моҳи апрели соли 2010 худсарона ва бе ҳуҷҷати расмӣ дар замини корами обии хоҷагӣ, ки дар мувозинаи хоҷаги меистад, дар масоҳати 120 м2 манзили истиқоматӣ бунёд намудааст. Дар прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба ҷинояти содир кардаи Эмом Муродов бо моддаи 295 қ.1(сӯистифодаи ваколат аз ҷонибикормандони ташкилоти тиҷоратӣ ва дигар ташкилот)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот мебаранд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






