НИШАСТИ МАТБУОТӢ БО ИШТИРОКИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲҲОИ ЭРОН
Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Таи чанд рӯз аст, ки ҳайати 40- нафараи устодони як қатор донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовини раис оид ба бахши омӯзишии Донишгоҳи Теҳрон Саидмаҳдии Қайсарӣ дар Душанбе қарор доранд . Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, сафари устодон ба Тоҷикистон дар доираи тақвияти ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон ва муассисаи фарҳангии ЭКО сурат гирифтааст. Дар доираи сафари хеш меҳмонон аз Донишгоҳҳои миллӣ ва омӯзгории Тоҷикистон, осорхона ва китобхонаи миллӣ ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангии ҷумхурӣ дидан намуда, бо роҳбарони он мулоқот доир карданд. Ҳамчунин, мувофиқи барномаи тарҳрезишуда, устодони донишгоҳҳои Эрон ба вилояти Хатлон сафар намуда, бо вазъи таълим дар макотиби олии ин минтақа аз наздик шинос шуданд. Бино ба иттилои манбаъ, мақсади сафари хешро меҳмонони эронӣ дар нишасти матбуотие, ки пагоҳ, 30 июл баргузор мегардад, баён хоҳанд кард.