НИШАСТИ МАТБУОТӢ БО ИШТИРОКИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲҲОИ ЭРОН

Июль 29, 2010 16:31

Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Таи чанд рӯз аст, ки ҳайати 40- нафараи устодони як қатор донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовини раис оид ба бахши омӯзишии Донишгоҳи Теҳрон Саидмаҳдии Қайсарӣ дар Душанбе қарор доранд . Тавре ба  мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, сафари устодон ба Тоҷикистон дар доираи тақвияти ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон  ва муассисаи фарҳангии ЭКО сурат гирифтааст. Дар доираи сафари хеш меҳмонон аз Донишгоҳҳои миллӣ ва омӯзгории Тоҷикистон, осорхона ва китобхонаи миллӣ ва  дигар муассисаҳои илмию фарҳангии ҷумхурӣ дидан намуда, бо роҳбарони он мулоқот доир карданд.    Ҳамчунин, мувофиқи барномаи тарҳрезишуда, устодони донишгоҳҳои Эрон ба вилояти Хатлон сафар намуда, бо вазъи таълим дар макотиби олии ин минтақа  аз наздик шинос шуданд.  Бино ба иттилои манбаъ, мақсади сафари хешро меҳмонони эронӣ дар нишасти матбуотие, ки пагоҳ, 30 июл  баргузор мегардад, баён хоҳанд кард.

Июль 29, 2010 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад