НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР «АМОНАТБОНК»
Душанбе, 22 июл.(АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова). — Ҳафтаи равон дар толори маҷлисгоҳи Бонки давлатии «Амонатбонк» нишасти матбуотӣ бо иштироки масъулин ва намояндагони ВАО баргузор гардид. Сардори Бонки мазкур Гулнора Кенҷаева зимни нишаст иброз намуд,ки давоми ним соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 6 млн.сомонӣ сармояи оинномавии бонк пурра карда шуд. Сармояи умумии бонк ба санаи 1 июли соли 2010 624,5 млн.сомониро ташкил дода,нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 9 фоиз зиёд гардид. Дар ин давра тавассути филиалҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» ба ташкилотҳои буҷавӣ 497,9 млн.сомонӣ пули нақд,ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 21,9 фоиз зиёдтар аст,пардохт гардид. Гулнора Кенҷаева афзуд,ки дар шаҳри Душанбе ва манотиқи ҷумҳурӣ 24 адад банкоматҳо ва 15 адад нуқтаҳои пардохт насбу ба кор дароварда шуд,ки дар маҷмӯъ бо 11 низоми фаврии интиқоли маблағҳо ҳамкорӣ дорад,ки фаъолияти онҳо дар ҳамаи филиалҳои бонк ба роҳ монда шудааст.Дар филиалҳои бонк 122 нуқтаҳои интиқол бо 1135 адад калиди дастёб амал мекунанд. Бояд қайд кард,ки бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.Аз ҷумла сохтмони бинои Маркази таълимию фароғатӣ дар шаҳри Хоруғ,биноҳои филиалҳои «Амонатбонк» дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Роштқалъа,ки бо сохту сифати наву замонавӣ ва таҷҳизоту технологияи муосири бонкдорӣ муҷаҳҳазанд, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ сохта ба истифода дода шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






