НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ВАРЗОБ

Июль 20, 2010 16:21

Варзоб ,20 июл. ( АМИТ « Ховар», Ҳотам Рабиев). Дар нимсолаи  аввалу соли чорӣ  5 адад корхонаи  саноатии ноҳия  ба маблағи  546,3  ҳазор сомонӣ  маҳсулот истеҳсол  намудаанд , ки  нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 383,1  ҳазор сомонӣ  зиёд аст ,- иброз дошт  муовини раиси  ноҳияи Варзоб     Неъматулло Сафаров  зимни нишасти матбуотӣ , ки дар  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ин ҷо  баргузор гардид.  Дар нишасти матбуотӣ  муовинони раис , мудирони шӯъбаҳо,  роҳбарони ташкилоту  муассисаҳо  ҳузур доштанд. Ҳаҷми умумии  истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи  соҳаҳои  хоҷагидорӣ  5403  ҳазор сомонӣ буда ,  нисбат ба ҳамин давраи  соли  2008- ум 637 ҳазор сомонӣ  зиёд мебошад.  Саршумори  чорво низ  нисбат ба соли гузашта  зиёд шуда , 5395 сар чорвои  калони шохдор  ва 8403 сар чорвои  хурд афзоиш  ёфтааст. Неъматулло Сафаров  муовини аввали  раиси ноҳияи  Варзоб  ба хабарнигорон  иттилоъ  дод , ки  тамоми муассисаҳо   ба зимистонгузаронии  солҳои 2010 -2011 омодагии  ҳамаҷониба  мебинанд,  аз ҷумла ҳамаи мактабҳои ноҳия  бо 130 тонна ангишт  таъмин гаштанд. Дар ноҳияи Варзоб  зиёда аз 600  нуқтаи  истироҳатӣ мавҷуд  аст , ки 26 фоизи даромади буҷаи  ноҳияро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ  хабарнигорон аз  муовини раиси  ноҳия ва   дигар масъулони мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб  ба саволҳои худ  ҷавобҳои   қаноатбахш   гирифтанд.    

Июль 20, 2010 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд