НОМИ МУНОСИБИ БОҒИ БОТАНИКИИ ПОЙТАХТ
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар асоси дастури Сарвари Давлат масъулин масъалаи интихоби номи муносиби Боғи ботаникии шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз сохторҳои гуногун пешниҳоди мухталиф ирсол гардид ва дар ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова ва мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Саймурод Фаттоев «Боғи Ирам» ҳамчун пешниҳоди мувофиқ пазируфта шуд. Воқеан, «Боғи Ирам» боғи афсонавиест, ки чун рамзи макони хурраму сарсабз дар адабиёти ҳазорсолаи мо васф гардидааст ва ин номи муносиб барои Боғи ботаникии пойтахт мебошад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






