ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ СЕХҲОИ ЧӮҶАБАРОРӢ

Июль 27, 2010 09:31

Душанбе, 27 июл.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари соҳаи чорводорӣ соҳаҳои дигар аз қабили моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва паррандапарварӣ низ аз соҳаҳои   афзалиятнок ба ҳисоб мераванд. Махсусан дар  соҳаи паррандапарварӣ дар панҷ соли охир  барномаи махсуси давлатӣ қабул карда шудааст, ки он ба рушди соҳа хуб мусоидат намуд. Ин буд, ки соли ҷорӣ истеҳсоли тухм нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 ба миқдори 10 млн. 535 ҳазор дона зиёд шудааст. Дар баробари ин, мутахассисони соҳа баҳри  зиёд кардани саршумори парранда чораҳои нав ба нав меандешанд. Бо  ин мақсад соли ҷорӣ дар ноҳияи Ванҷ, шаҳри Хоруғи ВМКБ ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сехҳои чӯҷабарорӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Дар давоми нимсолаи  аввали соли ҷорӣ аз корхонаҳои паррандапарварӣ ва сехҳои чӯҷабарорӣ беш аз 242 ҳазор сар чӯҷа ба фурӯш бароварда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 85 ҳазор сар зиёд аст.  

Июль 27, 2010 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд