ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ СЕХҲОИ ЧӮҶАБАРОРӢ
Душанбе, 27 июл.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари соҳаи чорводорӣ соҳаҳои дигар аз қабили моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва паррандапарварӣ низ аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб мераванд. Махсусан дар соҳаи паррандапарварӣ дар панҷ соли охир барномаи махсуси давлатӣ қабул карда шудааст, ки он ба рушди соҳа хуб мусоидат намуд. Ин буд, ки соли ҷорӣ истеҳсоли тухм нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 ба миқдори 10 млн. 535 ҳазор дона зиёд шудааст. Дар баробари ин, мутахассисони соҳа баҳри зиёд кардани саршумори парранда чораҳои нав ба нав меандешанд. Бо ин мақсад соли ҷорӣ дар ноҳияи Ванҷ, шаҳри Хоруғи ВМКБ ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сехҳои чӯҷабарорӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз корхонаҳои паррандапарварӣ ва сехҳои чӯҷабарорӣ беш аз 242 ҳазор сар чӯҷа ба фурӯш бароварда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85 ҳазор сар зиёд аст.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






