ОҒОЗИ ТАЪМИРИ РОҲ ДАР ШӮРООБОД

Июль 6, 2010 15:25

Шӯрообод, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов). — Бар  асоси  итиллои   сармуҳандиси   муассисаи  давлатии   роҳҳои  автомобилгарди  ноҳияи  Шӯрообод  Мирзомад  Мирзоев  кормандони  муассиса    барои  барқарор  кардани   роҳҳои   автомобилгард  ва  купрукҳое, ки  дар натиҷаи  офати  табии, хисорот  дидаанд  шурӯъ  карда  то ин ҷониб  барқороркунии   1 купруки  байни  деҳа   ва  таъмири    79, 5 км  роҳи    аҳамияти   маҳалидоштаро  ба итмом  расонидаанд. Ба гуфтаи  ин манбаъ  барои  барқарор  сохтани  роҳҳо  аз  тарафи  Вазорати  нақлиёт  ва комуникатсия дар  панҷ  моҳи  соли  ҷорӣ   ба  муассиса  маблағи  196 300  сомонӣ  ҷудо  гардид , ки  бо  ин  маблағ  67 км роҳҳои  байналмилалӣ, 41, 5 км роҳҳои  ҷумҳуриявӣ ва 181, 2 км  роҳҳои  маҳаллӣ  аз таъмир   бароварда  шудаанд. Айни ҳол 3 техника барои  тоза  кардани  маҷрои  обгузар ба  мавзеъҳои Саричашма ва  Шоун равона гардидааст, ки  омодаи  кор  мебошанд, —  афзуд  Мирзомад  Мирзоев.

Июль 6, 2010 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд