ОҒОЗИ ТАЪМИРИ РОҲ ДАР ШӮРООБОД
Шӯрообод, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бар асоси итиллои сармуҳандиси муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Шӯрообод Мирзомад Мирзоев кормандони муассиса барои барқарор кардани роҳҳои автомобилгард ва купрукҳое, ки дар натиҷаи офати табии, хисорот дидаанд шурӯъ карда то ин ҷониб барқороркунии 1 купруки байни деҳа ва таъмири 79, 5 км роҳи аҳамияти маҳалидоштаро ба итмом расонидаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ барои барқарор сохтани роҳҳо аз тарафи Вазорати нақлиёт ва комуникатсия дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ба муассиса маблағи 196 300 сомонӣ ҷудо гардид , ки бо ин маблағ 67 км роҳҳои байналмилалӣ, 41, 5 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 181, 2 км роҳҳои маҳаллӣ аз таъмир бароварда шудаанд. Айни ҳол 3 техника барои тоза кардани маҷрои обгузар ба мавзеъҳои Саричашма ва Шоун равона гардидааст, ки омодаи кор мебошанд, — афзуд Мирзомад Мирзоев.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






