ОДАМОН БА МАҲАЛҲОИ ДИГАР МЕКӮЧАНД

Июль 21, 2010 08:54

Душанбе, 21  июл. (АМИТ «Ховар»,  Ибодат  Давлатова). —   Дар  давоми  нимаи  аввали   соли  2010  аз  минтақаи  зери об  мондани  обанбори  Нерӯгоҳи барқи  обии  Роғун  453  оила  ба  минтақаҳои  дигар  кӯчонида  шуданд. Вазири   меҳнат  ва  ҳифзи  иҷтимолии  аҳолии  ҷумҳурӣ  Маҳмадамин Маҳмадаминов  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  мувофиқи  ҷадвали  тасдиқшуда  соли  равон   аз  минтақаи  обанбори ояндаи  нерӯгоҳ   боз  бояд 907  хоҷагӣ,  аз  ҷумла,  1509  оила  ба  минтақаҳои  дигар  кӯчонида  шаванд.  Айни  ҳол  барои  кӯчонидани  1000  оила тадбирҳо  андешида  мешаванд. Вазир  зикр  намуд, ки  соли  равон дар  миқёси  ҷумҳурӣ  1102  оила  ба таври  ихтиёрӣ  ба   минтақаҳои  дигар  мекӯчанд. Аз  ҷумла, дар  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон 11 оила,    вилояти  Хатлон 165 оила,  вилояти  Суғд 657  оила ва  аз  ноҳияҳои тобеи  марказ 269  оила  кӯчонида  мешаванд. Вазорати  молияи  мамлакат  ба оилаҳои  кӯчонидашуда  ба  маблағи 1653  ҳазор  сомонӣ қарзи  имтиёзнок  ҷудо  кардааст.  Барои  кӯчонидани оилаҳо 472  ҳазор  сомонӣ  сарф  карда  мешавад,  гуфт  дар  хотима  М.Маҳмадаминов.  

Июль 21, 2010 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад