ОЛИМОНИ ТОҶИК БА КИШВАРИ АФСОНАВӢ МЕРАВАНД
Душанбе, 22 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар назар аст, ки моҳи октябри соли равон чор нафар аз шарқшиносони варзидаи тоҷик, ки дар бахши дастхатшиносӣ таҷрибаи бой доранд, ба Ҳиндустон мераванд. Онҳо дар муддати аз се то 6 моҳ дар пажӯҳишгоҳҳои ин кишвар ба омӯзиш ва пажӯҳиши дастхатҳои қадимаи форсӣ, осори адабии гузаштагони худ машғул мешаванд. Назар ба иттилои директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Кароматулло Олимов, сафари донишмандони тоҷик ба Ҳиндустон дар доираи тавсеаи ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон ҷараён мегирад. Ҳамзамон, Кароматулло Олимов афзуд, ки алҳол Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бо пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои илмии кишварҳои Шарқ, ба мисли Афғонистону Эрон ва Покистон робитаи хуби ҳамкорӣ дорад. Ин аст, ки чанде пеш донишманди шинохтаи покистонӣ Орифи Навшоҳӣ китоби нави худро, ки ба рӯзгор ва осори нотакрори шоири шаҳири афғон Халилуллоҳи Халилӣ бахшидааст, дар Душанбе муаррифӣ намуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






