ОЛИМОНИ ТОҶИК БА КИШВАРИ АФСОНАВӢ МЕРАВАНД

Июль 22, 2010 15:12

Душанбе, 22 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар назар аст, ки моҳи октябри  соли равон чор нафар аз шарқшиносони варзидаи тоҷик, ки дар бахши дастхатшиносӣ таҷрибаи бой доранд,  ба Ҳиндустон мераванд. Онҳо дар муддати аз се то 6 моҳ дар пажӯҳишгоҳҳои ин кишвар ба омӯзиш ва пажӯҳиши дастхатҳои қадимаи форсӣ, осори адабии гузаштагони худ  машғул мешаванд. Назар ба иттилои директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Кароматулло Олимов,  сафари донишмандони тоҷик ба Ҳиндустон дар доираи тавсеаи ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон ҷараён мегирад. Ҳамзамон,  Кароматулло Олимов афзуд, ки алҳол Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бо пажӯҳишгоҳҳо ва  марказҳои илмии кишварҳои Шарқ,  ба мисли Афғонистону Эрон ва Покистон робитаи хуби ҳамкорӣ дорад. Ин аст, ки чанде пеш донишманди шинохтаи покистонӣ Орифи Навшоҳӣ китоби нави худро, ки ба рӯзгор ва осори нотакрори шоири шаҳири афғон Халилуллоҳи Халилӣ бахшидааст, дар Душанбе муаррифӣ намуд.                 

Июль 22, 2010 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид