ОМӮЗГОРОН ТАРКИ КАСБИ ХУД МЕКУНАНД
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафаралӣ Қурбонов, бо сабаби дастгирӣ наёфтани омӯзгорони ҷавон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимяти давлатии шаҳру навоҳии вилоят беш аз 400 нафар омӯзгорони ҷавон касби худро тарк карда, ба кор баргаштанӣ нестанд. Боис ба ёдоварист, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф вазифадор шуда буданд, ки омӯзгорони ҷавонро дар маҳал бо манзили зист ё ҳадди ақал бо қитъаи замин барои сохтмон таъми кунанд. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, то имрӯз дар ҳудуди вилоят дар давоми сол ҳамагӣ 30 нафар омӯзгор бо замин барои сохтмони манзил таъмин карда шуданд, ин дар ҳолест, ки шумораи омӯзгорони ба замин ниёздошта беш аз 2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар сурати надодани имтиёз ба омӯзгорони ҷавон, мумкин аст дар мактабҳои таълимоти умумӣ дар соли хониши 2010 -2011 шумораи омӯзгорон як баробар кам гардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






