ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ТАБИБОН
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Ҳар сол 18 август зодрӯзи ҳакими Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино ва иди касбии табибон баргузор мегардад. Ба ин муносибат Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷояги бо раёсати Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Тоҷикистон ва мушовараи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла гузаронидани бозии футбол байни дастаҳои муассисаҳои соҳа, гузаронидани олимпиадаи донишҷӯён ва ғайраро оид ба таҷлили ин ҷашнҳо ба нақша гирифтаанд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустии мамлакат иттилоъ доданд, дирӯз дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси кумитаи тадорукотӣ оид ба таҷлили ҷашни 1030-солагии олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва иди касбӣ — Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раиси кумитаи тадорукот Аъзам Мирзоев баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Тоҷикистон Раҷаб Ӯлмасов, ноиби президенти Федератсиони футболи Тоҷикистон Шералӣ Давлат, сардовари бозиҳои футбол Шавқат Аҳмадов, сарварони дастаҳои футболи муассисаҳои тандурустӣ ширкат доштанд. Тавре ноиби президенти Федератсиони футболи Тоҷикистон Шералӣ Давлат дар суханронии худ қайд намуд, Вазорати тандурустӣ дар якҷоягӣ бо Федератсиони футболи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои ба даст овардани Ҷоми Вазорати тандурустӣ дар байни дастаҳои муассисаҳои соҳаи тандурустӣ мусобиқаи футбол гузаронад. Чунин мусобиқот дар 5 сол як маротиба баргузор мегарданд. Бозиҳои имсола аз рӯзи 24-уми июл оғоз гардида, то 10 август давом мекунанд. Инчунин, қайд гардид, ки айни ҳол 14 тими ташкилнамудаи муассисаҳо барои ширкат дар ин мусобиқа дархост пешниҳод намудаанд, ки онҳо дар ду гурӯҳ: «А» ва «В» қувваозмоӣ хоҳанд кард.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






