ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ТАБИБОН

Июль 26, 2010 14:24

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Ҳар сол 18 август зодрӯзи ҳакими Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино ва иди касбии  табибон баргузор мегардад. Ба ин муносибат  Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷояги бо раёсати Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Тоҷикистон ва мушовараи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла гузаронидани бозии футбол байни дастаҳои муассисаҳои соҳа, гузаронидани олимпиадаи донишҷӯён ва ғайраро оид ба таҷлили ин ҷашнҳо ба нақша гирифтаанд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустии мамлакат иттилоъ доданд, дирӯз дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси кумитаи тадорукотӣ оид ба таҷлили ҷашни 1030-солагии олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва иди касбӣ — Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раиси кумитаи тадорукот Аъзам Мирзоев баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Тоҷикистон Раҷаб Ӯлмасов, ноиби президенти Федератсиони футболи Тоҷикистон Шералӣ Давлат, сардовари бозиҳои футбол Шавқат Аҳмадов,  сарварони дастаҳои футболи муассисаҳои тандурустӣ ширкат доштанд. Тавре ноиби президенти Федератсиони футболи Тоҷикистон Шералӣ Давлат дар суханронии худ қайд намуд,  Вазорати тандурустӣ дар якҷоягӣ бо Федератсиони футболи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки барои ба даст овардани Ҷоми Вазорати тандурустӣ дар байни дастаҳои муассисаҳои соҳаи тандурустӣ мусобиқаи футбол гузаронад. Чунин мусобиқот дар 5 сол як маротиба баргузор мегарданд. Бозиҳои имсола аз рӯзи 24-уми июл оғоз гардида, то 10 август давом мекунанд.            Инчунин, қайд гардид, ки    айни ҳол 14 тими ташкилнамудаи муассисаҳо барои ширкат дар ин мусобиқа дархост пешниҳод намудаанд, ки онҳо дар ду гурӯҳ: «А» ва «В» қувваозмоӣ хоҳанд кард.  

Июль 26, 2010 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад