ОЁ ПЕШНИҲОДИ РУСТАМ НАЗАРОВ МЕГУЗАРАД?

Июль 10, 2010 09:34

Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Раиси Агентии назорати маводи нашъаовари  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров зимни суханронӣ дар  ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Вена масъалаи нобуд сохтани маводи мухаддирро пешниҳод намуд. Номбурда дар ин ҳамоиш иброз доштааст, ки олимони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо СММ усули безарари биологиеро пайдо кардаанд, ки  маҳви киштзорҳои кӯкнорро дар Афғонистон бе ҳеҷ гуна мубориза,  танҳо бо роҳи илмӣ аз байн мебаранд. Ба гуфти Рустам Назаров, олимони тоҷику ӯзбек занбурӯғҳои маҳвкунандаи кӯкнорро, ки барои одамон безарар мебошанд офаридаанд. Ин занбурӯғҳо растании кӯкнорро   ба касалӣ гирифтор намуда  нобуд месозанд.   Зарур аст, ки   бо  ин  усул тамоми киштзорҳои кӯкнор дар давлати Афғонистон, ки калонтарин  тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон дониста мешавад аз байн бурда шавад.                      

Июль 10, 2010 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд