ОЁ ПЕШНИҲОДИ РУСТАМ НАЗАРОВ МЕГУЗАРАД?
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Раиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров зимни суханронӣ дар ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Вена масъалаи нобуд сохтани маводи мухаддирро пешниҳод намуд. Номбурда дар ин ҳамоиш иброз доштааст, ки олимони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо СММ усули безарари биологиеро пайдо кардаанд, ки маҳви киштзорҳои кӯкнорро дар Афғонистон бе ҳеҷ гуна мубориза, танҳо бо роҳи илмӣ аз байн мебаранд. Ба гуфти Рустам Назаров, олимони тоҷику ӯзбек занбурӯғҳои маҳвкунандаи кӯкнорро, ки барои одамон безарар мебошанд офаридаанд. Ин занбурӯғҳо растании кӯкнорро ба касалӣ гирифтор намуда нобуд месозанд. Зарур аст, ки бо ин усул тамоми киштзорҳои кӯкнор дар давлати Афғонистон, ки калонтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон дониста мешавад аз байн бурда шавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






