ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИДИ АСАЛ — 2010» ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз 1-ум то 6 –уми августи соли ҷорӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва рӯзҳои 7-8 –уми август дар «Боғи дӯстии халқҳо»-и шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии «Иди асал -2010» баргузор мегардад. Занбӯриасалпарварони ҷумҳурӣ соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзи асал — 2009» 50 тонна асали тозаву хушсифат пешкаши сокинони ҷумҳурӣ гардонида буданд. Боиси тазаккур аст, ки захираҳои мавҷудбудаи растаниҳои шаҳддиҳандаи ҷумҳурӣ имконият медиҳанд, ки зиёда аз 800 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда, соле 10 – 12 ҳазор тонна асал истеҳсол карда шавад. Соли ҷорӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур таҳти роҳбарии вазири кишоварзӣ Қ. Қосимов ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил дода шудааст. Дар аввалин ҷаласаи ситод Низомнома оид ба гузаронидани «Иди асал – 2010» тасдиқ гардид, ки тибқи он ғолибони озмунҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ бо шоҳчоизаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






