ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИДИ АСАЛ — 2010» ДАР ДУШАНБЕ

Июль 12, 2010 09:41

Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-     Аз 1-ум то 6 –уми августи соли ҷорӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва рӯзҳои 7-8 –уми  август дар «Боғи дӯстии халқҳо»-и шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии «Иди асал -2010» баргузор мегардад. Занбӯриасалпарварони ҷумҳурӣ соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзи асал — 2009» 50 тонна асали тозаву хушсифат пешкаши сокинони ҷумҳурӣ гардонида буданд. Боиси тазаккур аст, ки захираҳои мавҷудбудаи  растаниҳои шаҳддиҳандаи ҷумҳурӣ имконият медиҳанд, ки зиёда аз 800 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда, соле 10 – 12 ҳазор тонна асал  истеҳсол карда шавад. Соли ҷорӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур таҳти роҳбарии вазири кишоварзӣ Қ. Қосимов ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил дода шудааст. Дар аввалин ҷаласаи ситод Низомнома оид ба гузаронидани «Иди асал – 2010» тасдиқ гардид, ки тибқи он ғолибони озмунҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ бо шоҳчоизаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.                                                                                                          

Июль 12, 2010 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!