ПАРАНДАПАРВАРОНИ ФАЙЗОБОД ДАР 6 МОҲ 35 МЛН ДОНА ТУХМ ИСТЕҲСОЛ НАМУДАНД

Июль 26, 2010 14:38

Файзобод, 26 июл .(АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова). — Раиси  ноҳияи  Файзобод Абдулло Ҳакимов дар ҳузури хабарнигорони ВАО аз фаъолияти шашмоҳаи соли ҷорӣ гузориш дода, аз ҷумла гуфт,ки тайи ин муддат  истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 6718400 сомониро ташкил дод,ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта   34873сомонӣ зиёд аст.Кишоварзон дар майдони 4230 гектар  зироатҳои ғалладонагӣ кишт намуданд.Деҳқонони ноҳия соли равон дар майдони 255 гектар кишти картошка,454 гектар кишти сабзавот гузаронида, парваришу нигоҳубини онро ба таври зарурӣ ба анҷом  расониданд. Онҳо имсол ният доранд,ки 685- тонна ғалла,1017 тонна сабзавот,6670 тонна картошка,5767 тонна мева, 561 тонна ангур, 900 тонна гӯшт, 6420 тонна шир, 50 млн дона тухм, 27 тонна пашм  ва 50 тонна асал истеҳсол  намоянд. Айни замон дар хоҷагиҳои ноҳия 699593 сар парранда мавҷуд аст,ки нисбат  ба  ҳамин давраи соли гузашта 238504 сар зиёд аст. Истеҳсоли тухм давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба 35066 ҳазор дона расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9864 ҳазор дона зиёд аст.  Абдулло Ҳакимов афзуд,ки сохтмончиёни ноҳия давоми шаш моҳи соли сипаригардида ба андозаи 6500 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру азнавбарқарорсозиро ба сомон расониданд,ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 280000 сомонӣ зиёд аст. Иҷрои ҳамаи 16 намуди андоз ва дигар   пардохтҳои ҳатмӣ давоми ним соли ҷорӣ пурраю  барзиёд иҷро шуд.Ба буҷаи ноҳия аз ҳисоби  андозу пардохтҳо ба ҷои 3194144 сомонии ба нақша гирифташуда , 3143369 сомонӣ ворид гардид,ки нисбат ба нақша 449225 сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1031808 сомонӣ зиёд аст.  

Июль 26, 2010 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад