ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР ҲАМАДОНӢ
Ҳамадонӣ, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бо мақсади пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар доираи татбиқи ҳадафҳо дар ин самт дар ҷамоати деҳоти шаҳраки ноҳия бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва масъулини бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як ҳамоши пурмӯҳтаво баргузор гардид, ки дар он хатмкунандагони мактабҳои ноҳия фаъолона ширкат варзиданд. Зимни суханронии кормандони ҳифзи тартибот ва масъулини соҳаи тандурустӣ таъкид шуд, ки сол аз сол шумораи ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон кам мегардад. Коршиносон бар он назаранд, ки агар дар муҳити оила ва муассисаи таълимӣ ба тарбияи насли наврас таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад, умед аст, ки ин масъала роҳи ҳалли хешро ба пуррагӣ пайдо хоҳад кард. Бояд қайд намуд, ки дар заминаи ташкил намудани чунин маҳфилу чорабиниҳо, ки мувофиқи нақша дар ноҳия доир карда мешаванд, ҷавонон оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва масъалаҳои гуногунҷанба маълумоти мушаххас пайдо мекунанд. Ин омилҳо ба камолоти маънавӣ ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо дар ҷомеа таъсир мерасонанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






