ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР ҲАМАДОНӢ

Июль 9, 2010 16:37

Ҳамадонӣ, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов). — Бо мақсади пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар доираи татбиқи ҳадафҳо дар ин самт дар ҷамоати деҳоти  шаҳраки ноҳия бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва масъулини бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як ҳамоши пурмӯҳтаво  баргузор гардид, ки дар он хатмкунандагони мактабҳои ноҳия фаъолона ширкат варзиданд. Зимни суханронии кормандони ҳифзи тартибот ва масъулини соҳаи тандурустӣ таъкид шуд, ки сол аз сол шумораи ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон кам мегардад. Коршиносон бар он назаранд, ки агар дар муҳити оила ва муассисаи таълимӣ ба тарбияи насли наврас таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад, умед аст, ки ин масъала роҳи ҳалли хешро ба пуррагӣ пайдо хоҳад кард. Бояд қайд намуд, ки дар заминаи ташкил намудани чунин маҳфилу чорабиниҳо, ки мувофиқи нақша дар ноҳия доир карда мешаванд, ҷавонон оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва масъалаҳои гуногунҷанба  маълумоти мушаххас пайдо мекунанд. Ин омилҳо ба камолоти маънавӣ ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо дар ҷомеа таъсир мерасонанд.

Июль 9, 2010 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар