ПОЙТАХТИ НАВИ ҚАЗОҚИСТОН 12 СОЛА ШУД
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Мардуми Қазоқистон 6 июл 12 солагии бунёди пойтахти нави мамлакат — шаҳри Остонаро ботантана ҷашн мегирад. Ба ин муносибат сафоратхонаи Қазоқистон дар Тоҷикистон зиёфати расмӣ ташкил менамояд. Пойтахти нави Қазоқистон — шаҳри Остона дар қисмати шимолии мамлакат ҷойгир шудааст. Пойтахти мамлакат соли 1997 бо қарори Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз Алмаато ба шаҳри Оқмола кӯчонида шуд. Зеро ин шаҳр дар маркази Қазоқистон ва қитъаи Евразия воқеъ буда, дорои системаи мукаммали нақлиётӣ ва алоқа буд. Инчунин қабули қарори мазкур ҳадафи геополитикӣ дошт. Имрӯз пойтахти нави Қазоқистон ба шаҳри ободу зебои замонвӣ табдил ёфтааст. Дар сохтмони он зиёда аз 70 шаҳри мамлакат саҳм гузошт. Инчунин дар обод гардидани пойтахти нави Қазоқистон саҳми ширкатҳои сохтмонии Туркия, Италия, Фаронса ва Швейтсария калон аст. Ҳоло ҳар сол дар ин ҷо аз 60 то 100 корхонаю муассиса ва ташкилоти хурду калон ба истифода дода мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» зикр мекунад, ки Тоҷикистону Қазоқистон муносибатҳои самимонаю дӯстона доранд, ҳар ду кишвар дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ самарабахш ҳамкорӣ мекунанд. Сафоратхонаи Қазоқистон дар Тоҷикистон 4 октябри соли 2000 ба фаъолият шурӯъ намуд. Муносибатҳо ва ҳамкории ҳар ду кишвар дар рӯҳияи ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар ва шарокати боэътимод ба роҳ монда шуда, сол то сол бештар густариш меёбанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






