ПОКИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН ЗАВОДИ СЕМЕНТ МЕСОЗАД
Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова).- 27 июли соли ҷорӣ сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ мулоқот кард. Дар мулоқот масъалаҳои вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои ҳамкориҳои ҳар ду давлат баррасӣ гардид. Ҳамчунин сохтмони иншооти нақлиётиву коммуникатсионӣ байни ду давлат, роҳи мошингарди Вахон, ҷудо намудани қитъаи замин барои Тоҷикистон дар бандари Гвадор ва Пешовар, сохтмони терминалҳо, ба мамлакатҳои ҳамдигар фиристодани донишҷӯён, додани қарз аз ҷониби Покистон ба Тоҷикистон барои сохтани корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи семент муҳокима карда шуд. Сафири Тоҷикистон З. Зубайдов аз номи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Ризо Гелониро даъват кард, ки ба Тоҷикистон ташриф орад. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






