РАФТИ КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 2 июл.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз намуданд, ки соли ҷорӣ баробари ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва караму картошка кишти такрорӣ дар ҳамаи майдонҳои холишуда гузаронида мешавад. Тибқи дурнамои Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар масоҳати 175 ҳазор гектар гузаронида шудани кишти такрорӣ пешбинӣ шудааст. То 1-уми июли соли ҷорӣ ҳамагӣ дар майдони 35 ҳазору 836 гектар, ки 20 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад, кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла дар майдони 9422 га ҷуворимакка барои дон, дар 4333 га кишти шолӣ, дар 2716 га мош, дар 11га картошка, дар майдони 2716 га зироатҳои техникӣ ва дар 13 ҳазору 50 га хӯроки чорво кишт карда шудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






