РАСУЛ БОҚИЕВ ДАР ХОҶА ОБИГАРМ МАШҚ МЕКУНАД
Душанбе ,23 июл. ( АМИТ « Ховар», Пайрав Назаров). Дзюдочии машҳури тоҷик, ғолиби бозиҳои Олимпии Пекин Расул Боқиев дар ҳайати тими мунтахаби мардона дар Хоҷа- Обигарм машқу тамрин мегузаронад. Тавре аз кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ « Ховар» хабар доданд, ба ҳайати даста 9 нафар дзюдочӣ дохил мешаванд. Машқҳои мунтахаби мазкур ба беҳтар сохтани омодагии ҷисмонии варзишгарон дар ин макони истироҳатии баландкӯҳ равона шудааст. Машқҳо то 3 август идома меёбанд. Ёдовар мешавем, ки мусобиқоти. Бозиҳои Олимпии 2012, ки дар Лондон баргузор мегарданд, аз моҳи майи соли 2010 оғоз ёфтанд. Мусобиқаи аввалини дзюдочиёни тоҷик дар Гамбурги Германия, ки рӯзҳои 7-8 августи соли 2010 дар он ҷо мусобиқаи Ҷоми Аврупо мегузарад, доир хоҳад гашт. Дар ин мусобиқа Расул Боқиев дар вазни 73кг ва Абубакр Раҳмонов дар вазни 100кг иштирок менамоянд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






