РОҲБАРИ ДАСТГОҲ БАРОИ РОЗӢ КУНОНИДАНИ РАИС ПОРА ГИРИФТ

Июль 12, 2010 09:43

Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти корманди Раёсати Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон Ҳикматулло Исматов, истиқоматкунандаи деҳаи Меҳнати ҷамоати деҳоти «Ҳилолӣ»- и ноҳияи Хуросон Сафар Солиҳов барои гирифтани розигии раиси ноҳия ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замини сохтмонӣ 2 сол овора шуд. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Саидназар Забиров барои гирифтани  розигии раиси ноҳияи мазкур 1000 доллари амрикоӣ талаб намуд. Сафар Солеҳов бошад ба Агентии НДМ оид ба коррупсияи вилояти Хатлон нисбат  ба талаби  ғайриқонунии роҳбари дастгоҳ  бо ариза муроҷиат намуд. Кормандони Раёсати Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон зимни як амалиёт роҳбари дастгоҳ Саидназар Забировро ҳангоми гирифтани пора дастгир намуданд. Ҳоло кормандони Раёсати Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон нисбати  Саидназар Забиров  бо моддаи 319 (гирифтани пора) -и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ кушода,  тафтишот мебаранд. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки роҳбари дастгоҳ барои кӣ,  барои худ ё дар ҳақиқат барои гирифтани розигии раис пора талаб кардааст? Ҷузъиёти инро тафтишот муайян хоҳад кард.

Июль 12, 2010 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд