РОҲБАРИ ДАСТГОҲ БАРОИ РОЗӢ КУНОНИДАНИ РАИС ПОРА ГИРИФТ
Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти корманди Раёсати Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон Ҳикматулло Исматов, истиқоматкунандаи деҳаи Меҳнати ҷамоати деҳоти «Ҳилолӣ»- и ноҳияи Хуросон Сафар Солиҳов барои гирифтани розигии раиси ноҳия ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замини сохтмонӣ 2 сол овора шуд. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Саидназар Забиров барои гирифтани розигии раиси ноҳияи мазкур 1000 доллари амрикоӣ талаб намуд. Сафар Солеҳов бошад ба Агентии НДМ оид ба коррупсияи вилояти Хатлон нисбат ба талаби ғайриқонунии роҳбари дастгоҳ бо ариза муроҷиат намуд. Кормандони Раёсати Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон зимни як амалиёт роҳбари дастгоҳ Саидназар Забировро ҳангоми гирифтани пора дастгир намуданд. Ҳоло кормандони Раёсати Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон нисбати Саидназар Забиров бо моддаи 319 (гирифтани пора) -и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот мебаранд. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки роҳбари дастгоҳ барои кӣ, барои худ ё дар ҳақиқат барои гирифтани розигии раис пора талаб кардааст? Ҷузъиёти инро тафтишот муайян хоҳад кард.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






