САБАБҲОИ РУШД НАКАРДАНИ МОҲИПАРВАРӢ
Душанбе, 8июл. (АМИТ «Ховар». Лаззат Диловарзод).- Дар ҷумҳурӣ омилҳои субективию обективие мавҷуданд, ки бартараф шудани онҳо ба рушди соҳаи моҳипарварии ҷумҳурӣ асос шуда метавонанд,-иброз дошт раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» Аҳмадҷон Гафуров зимни сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба иттилои ҳамин манбаъ, рушд накардани соҳаи моҳипарварӣ пеш аз ҳама ба нарасидани мутахассисони дараҷаи олии моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ вобаста аст. Бо мақсади тайёр кардани мутахассисон, соли дуюм аст, ки дар назди факултаи зооинженерии Донишгоҳи аграрии ҷумҳурӣ кафедраи моҳишиносӣ, ихтиология ва физиологияи ҳайвонот ба роҳ монда шудааст. Омилҳои дигар, набудани технология ва маблағи зарурӣ, захираи хӯрокаи моҳӣ ва амалӣ нашудани Қонуни ҶТ «Дар бораи моҳипарварӣ» (аз соли 2006) мебошад. Бо вуҷуди он ки Қонуни ҶТ «Дар бораи моҳипарварӣ» аз соли 2006 муҳофизати моҳиро ба ваколати КВД «Моҳии Тоҷикистон» супоридааст, то имрӯз чунин воҳиди корӣ дар корхона вуҷуд надорад. Нозирони муҳофизати захираҳои моҳӣ на дар тобеияти КВД «Моҳии Тоҷикистон», балки дар тобеияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист буда, дар як вақт вазифаи назорат ва муҳофизатро иҷро менамоянд, ки боиси рушд накардани моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






