САДОИ МУСИҚИИ ҲИНДИЮ АФҒОНИЮ ЧИНОӢ ДАР ХОРУҒ

Июль 16, 2010 15:35

Хоруғ, 16  июл. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Субҳи  16 июл дар  шаҳри  Хоруғ  фестивали  ҷаҳонӣ бо ширкати  ҳунармандони  Ҳиндустон,  Покистон, Чин, Афғонистон,  Қирғизистон,  дастаи  «Дилнавоз» — и шаҳри  Хуҷанд ва дастаҳои ВМКБ  оғоз  гардид.  Дар  фестивал  ғайр  аз суруду  мусиқӣ,  инчунин  аз  мамолики   номбурда  маҳсули  дастони  ҳунармандони  мардумӣ,  аз  ҷумла,  либос, намадҳои гуногун, тоқию  кулоҳ,  маҳсулоти  заргарӣ,  ороиши  занона ва  ғизои  миллиро  ба  намоиш  гузоштанд. Таъсисдиҳандаи   фестивал  Иттиҳодияи  ҷамъиятии  «Ҳамешаиспанд» — и  ВМКБ  мебошад. Тавре  намояндагони  ин  ҷамъият  иттилоъ  доданд, чунин  фестивал  соли  2008  дар  шаҳри  Хоруғ  рӯи  кор  омада,   бори  сеюм  аст мегузарад. Намояндагони  ҷамъияти  «Ҳамешаиспанд» афзуданд,  ки   мурод  аз  баргузории  фестивал  эҳёи  санъати  миллии  мардуми  Осиёи  Марказӣ, ки  бо  ҳам  пайванди  ногусастанӣ  доранд,  инчунин  боз  ҳам  қавитар  гардонидани  риштаи  дӯстию  бародарӣ  байни  мардуми  ин  ҳавза  мебошад.

Июль 16, 2010 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!