САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ВОДИИ ҲИСОР

Июль 16, 2010 12:38

Субҳи  имрӯз  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон бо  мақсади  вохӯрӣ бо  намояндагони  аҳли  заҳмати  шаҳру ноҳияҳои  тобеи  ҷумҳурӣ ба  ноҳияи  Ҳисор  рафт.  Ин  лаҳзаҳо  дар  ҷамоати деҳоти Хонақо,  деҳаи  Ёдгорӣ  мулоқоти   Сарвари  давлат бо  меҳнаткашон  идома  дорад. Тавре  ки  иттилоъ  расид, дар  вохӯрӣ  асосан  дар  бораи  таъмини  амнияти  озуқаворӣ,  истифодаи  мақсадноки  замин  вусъат  бахшидани  кишти  такрорӣ, инчунин дигар  масъалаҳои  вобаста  ба рушди  соҳаи  кишоварзӣ  табодули  назар  ҷараён  мегирад. Зимни  суханронии  худ  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  кишоварзон  ҷиҳати  дарёфти  роҳҳои нави  истифодаи  мақсадноки  замин,  афзун  гардонидани  истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ,  таъмини  бозорҳо бо  маҳсулоти арзону  хушсифат ва сари  вақт  ҷамъоварӣ  намудани  ҳосили  имсола  дастуру  ҳидоятҳои муфид дод.

Июль 16, 2010 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад