САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ВОДИИ ҲИСОР
Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади вохӯрӣ бо намояндагони аҳли заҳмати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ноҳияи Ҳисор рафт. Ин лаҳзаҳо дар ҷамоати деҳоти Хонақо, деҳаи Ёдгорӣ мулоқоти Сарвари давлат бо меҳнаткашон идома дорад. Тавре ки иттилоъ расид, дар вохӯрӣ асосан дар бораи таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи мақсадноки замин вусъат бахшидани кишти такрорӣ, инчунин дигар масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ табодули назар ҷараён мегирад. Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзон ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави истифодаи мақсадноки замин, афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳо бо маҳсулоти арзону хушсифат ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили имсола дастуру ҳидоятҳои муфид дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






