САМАРАИ ХУБИ ҲАМКОРӢ
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшода Ҷонмардова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз чошти имрӯз бо роҳбари Хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Федератсияи Русия Виктор Иванов мулоқот кард. В.Иванов баъди анҷоми мулоқоташ бо Сардори давлат зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон дар бораи натиҷаҳои он сухан ронд. Вай зикр намуд, ки ҳамроҳи Президент масъалаҳои ҳамкории мақомоти дахлдори Тоҷикистону Русияро дар мубориза ба муқобили истеҳсоли маводи нашъадор ва хариду фурӯши ғайриқонунии он муҳокима кардааст. Қайд карда шуд, ки ҳар ду ҷониб вазъи имрӯзаи истеҳсоли маводи нашъадорро дар Афғонистон ва роҳу усулҳои пешгирии паҳн гардидани онро аз ин мамлакат ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва мамлакатҳои дигар таҳлил намуданд. Бояд гуфт, ки мавқеи ҳар ду ҷониб дар ин масъала комилан мувофиқат мекунад. В.Иванов ба сатҳи муносибатҳо ва ҳамкории мақомоти муҳофизи қонуну тартиботи Русия ва Тоҷикистон баҳои баланд дод. Ман ҳамчун роҳбари Хадамоти Федералии назорати маводи нашъадори Русия аз дастгирӣ ва ҳамкории роҳбарон ва кормандони мақомоти дахлдори Тоҷикистон комилан қаноатманд гардидам. Мо минбаъд ҳам дар мубориза ба муқобили ин зуҳуроти бадӣ бештар аз пештар ҳамкорӣ хоҳем кард, гуфт В.Иванов.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






