САНГИ АВВАЛИ СОХТМОНИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ГУЗОШТА ШУД
Бегоҳии рўз 27 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони Осорхонаи миллии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшид. Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи Осорхонаи миллӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки ин иншооти зебою замонавии оянда ҷузъе аз ансамбли маҷмааи биноҳои маъмурию фарҳангии давлати Тоҷикистон буда, дар якҷоягӣ бо пайкараи Исмоили Сомонӣ, Қасри Миллат, Китобхонаи миллӣ ва Парчаму Нишони Тоҷикистон ба маркази пойтахти Ватани азизи мо шаҳри Душанбе зебу зиннати хоссаи муосир зам хоҳад кард. Лоиҳаи осорхона аз зербино ва се қабати болоӣ иборат буда, дорои толорҳои гуногун барои ба намоиш гузоштани осори нодири қадимаю муосир аз таъриху фарҳанг ва илму адаби оламшумули миллати бостонии тоҷик ва ҳамчунин толору утоқҳои мухталиф барои маҷлису конфронс, семинарҳо ва машғулиятҳои таълимии мактабиёну донишҷўён ва олимону таърихнигорон хоҳад буд. Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба яке аз марказҳои асосии илму маориф ва фарҳанги кишвар табдил хоҳад ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






