САТҲИ КАМ БИЗОАТӢ БОЗ ПАСТТАР МЕШАВАД

Июль 16, 2010 12:41

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Моҳи июл боз як қадами устувор дар коҳиши камбизоатии мардуми Тоҷикистон дониста мешавад. Дар ин  моҳ боз як созишномаи кӯмак баҳри коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон миёни вазири молияи ҷумҳурӣ Сафарали Наҷмуддинов ва роҳбари минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ Мото Конишӣ ба имзо расид,-иброз дошт коршиноси масоили иқтисодӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров  ба мухбири АМИТ «Ховар». Бино ба гуфти коршинос Ҳ.Умаров, тибқи созишномаи  мазкур, агар  25,4 млн. доллари амрикоӣ ҳамчун маблағи грантӣ барои идомаи ислоҳоти давлатӣ дар роҳи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид  гардад, бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ислоҳоти давлатӣ дар самти қабул шудааш амалӣ гардида, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар чанд фоиз поён хоҳад рафт. Боис ба ёдоварист, ки ин чорумин маблағи грантӣ ё кӯмаки бебозгашти Бонки Ҷаҳонӣ  барои дастгирии аҳолии камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Июль 16, 2010 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд