САТҲИ КАМ БИЗОАТӢ БОЗ ПАСТТАР МЕШАВАД
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Моҳи июл боз як қадами устувор дар коҳиши камбизоатии мардуми Тоҷикистон дониста мешавад. Дар ин моҳ боз як созишномаи кӯмак баҳри коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон миёни вазири молияи ҷумҳурӣ Сафарали Наҷмуддинов ва роҳбари минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ Мото Конишӣ ба имзо расид,-иброз дошт коршиноси масоили иқтисодӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба мухбири АМИТ «Ховар». Бино ба гуфти коршинос Ҳ.Умаров, тибқи созишномаи мазкур, агар 25,4 млн. доллари амрикоӣ ҳамчун маблағи грантӣ барои идомаи ислоҳоти давлатӣ дар роҳи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид гардад, бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ислоҳоти давлатӣ дар самти қабул шудааш амалӣ гардида, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар чанд фоиз поён хоҳад рафт. Боис ба ёдоварист, ки ин чорумин маблағи грантӣ ё кӯмаки бебозгашти Бонки Ҷаҳонӣ барои дастгирии аҳолии камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






