СЕХИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НАБОТ БА КОР ШУРӮЪ МЕНАМОЯД
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Дар бозорҳои соҳа 40 адад гӯшаҳои махсуси «Деҳқонбозор» ба мардум хизмат мерасонанд, дар ин бора ба хабарнигорон дар нишасти матбуотии Иттифоқи Тоҷикиматлубот иттилоъ доданд. Инчунин, зикр гардид, ки давоми соли ҷорӣ дар бозорҳои соҳа тавассути 351 адад дӯкону нуқтаҳои қабул ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, 47 адад ярмаркаҳои доимамалкунандаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва молу маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои худӣ, 37 адад фурӯшгоҳҳои фирмавӣ, 67 адад фурӯшгоҳҳои саноатию хӯрокворӣ дар ҳаҷми 9,4 миллион сомонӣ молу маҳсулот ба фурӯш бароварда шуд. Ҳамчунин, ҳаҷми муомилоти савдои чаканаи мол дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 11,6 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 442,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар корхонаи илмии истеҳсолии Иттифоқи Тоҷикматлубот сехи нави истеҳсоли набот ба кор шурӯъ менамояд. Барои намоиши доимии молу маҳсулот толори намоишгоҳи доимамалкунанда ва мағозаи фирмавӣ таъсис дода мешавад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






