СЕХИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НАБОТ БА КОР ШУРӮЪ МЕНАМОЯД

Июль 21, 2010 15:36

Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Дар бозорҳои  соҳа 40  адад гӯшаҳои  махсуси «Деҳқонбозор» ба мардум хизмат мерасонанд,  дар ин бора ба хабарнигорон дар нишасти матбуотии Иттифоқи Тоҷикиматлубот иттилоъ доданд. Инчунин, зикр гардид, ки   давоми соли ҷорӣ дар бозорҳои соҳа тавассути 351 адад дӯкону нуқтаҳои қабул ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, 47 адад ярмаркаҳои доимамалкунандаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва молу маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои худӣ, 37 адад фурӯшгоҳҳои фирмавӣ, 67 адад фурӯшгоҳҳои  саноатию хӯрокворӣ дар ҳаҷми 9,4 миллион сомонӣ молу маҳсулот ба фурӯш бароварда шуд. Ҳамчунин,  ҳаҷми муомилоти савдои чаканаи мол дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 11,6 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 442,3  ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар корхонаи илмии истеҳсолии Иттифоқи Тоҷикматлубот сехи нави истеҳсоли набот ба кор шурӯъ менамояд. Барои намоиши доимии молу маҳсулот толори намоишгоҳи доимамалкунанда  ва мағозаи фирмавӣ таъсис дода мешавад.

Июль 21, 2010 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад