СЕЛ ДАР АЙНӢ ВА ҒОНЧӢ

Июль 22, 2010 12:22

Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 20 июли соли равон бар асари боришоти боронҳои пуршиддат дар ноҳияҳои Ғончӣ ва Айнӣ ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи ин ноҳияҳо хисороти калон диданд. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, дар ноҳияи Ғончӣ Росровут дар натиҷаи боридани борони пуршиддат ва ҷорӣ шудани сел роҳҳои нақлиётгард, хати оби нӯшокӣ, хати оби полезӣ ва биноҳои истиқоматии аҳолӣ зарар расонид. Инчунин дар ҷамоати деҳаҳои Шамтуч ва Дарғи ноҳияи Айнӣ дар натиҷаи боридани борон ва ҷорӣ шудани сел пеши сойи деҳа банд шуда, оби сой ба роҳ ва таҳхонаҳои истиқоматӣ ворид гашт. Айни замон дар ҷойи ҳодиса кормандони хадамоти дахлдори мудофиаи граждании ноҳияҳо барои бартарафсозии ҳолати фавқулоддаи рухдода фаъолият доранд.    

Июль 22, 2010 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад