ШАҲРВАНДОН АЗ БЕЭҲТИЁТӢ ДАР ДАРЁҲО ҒАРҚ МЕШАВАНД
Душанбе, 13 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 12 июли соли равон шаҳрванд Атамова Қумуш, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар наздикии боғи фароғатии «Наврӯзгоҳ» -и шаҳри Хуҷанд дар дарёи Сир ғарқ шудааст. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, айни замон барои ёфтани ҷасад корҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад. Инчунин рӯзи 12 июл шаҳрванди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Сатторов Наимxон, соли таваллудаш 1984, дар сойи Хоҷабоқирғон ғарқ шудаст. Ҷасади мазкур аз ҷониби кормандони кумитаи номбурда дарёфт карда шуд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






