ШАБАКАИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ФОРСИЗАБОНОН БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ МЕКУНАД

Июль 13, 2010 15:29

Душанбе, 13 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Моҳҳои наздик шабакаи муштараки телевизиони кишварҳои форсизабон –Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ба фаъолият шурӯъ менамояд», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Исфандиёр Раҳими Машоӣ 13 июл дар Душанбе. Намояндаи баландпояи Ҳукумати Эрон афзуд, ки дар мавриди роҳандози намудани шабакаи муштараки телевизиони кишварҳои форсизабон ҷониби Эрон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Бояд зикр кард, ки идеяи таъсиси шабакаи муштараки телевизиони кишварҳои форсизабон ҳанӯз чор сол муқаддам зимни мулоқоти Сарони кишварҳои форсизабони минтақа: Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Афғонистон Ҳамид Карзай ва Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ба миён омада буд. Шабакаи муштараки телевизиони  кишварҳои форсизабон, ки қароргоҳаш шаҳри Душанбе эълон гардидааст, имкон дорад, ки  дар шароити ҷаҳонишавии ҷомеаи башарӣ дар ташаккули робитаҳои гуногунсоҳаи се кишвари форсизабони минтақа –Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон нақши муассир гузорад.

Июль 13, 2010 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад