ШАБАКАИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ФОРСИЗАБОНОН БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ МЕКУНАД
Душанбе, 13 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Моҳҳои наздик шабакаи муштараки телевизиони кишварҳои форсизабон –Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ба фаъолият шурӯъ менамояд», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Исфандиёр Раҳими Машоӣ 13 июл дар Душанбе. Намояндаи баландпояи Ҳукумати Эрон афзуд, ки дар мавриди роҳандози намудани шабакаи муштараки телевизиони кишварҳои форсизабон ҷониби Эрон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Бояд зикр кард, ки идеяи таъсиси шабакаи муштараки телевизиони кишварҳои форсизабон ҳанӯз чор сол муқаддам зимни мулоқоти Сарони кишварҳои форсизабони минтақа: Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Афғонистон Ҳамид Карзай ва Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ба миён омада буд. Шабакаи муштараки телевизиони кишварҳои форсизабон, ки қароргоҳаш шаҳри Душанбе эълон гардидааст, имкон дорад, ки дар шароити ҷаҳонишавии ҷомеаи башарӣ дар ташаккули робитаҳои гуногунсоҳаи се кишвари форсизабони минтақа –Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон нақши муассир гузорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






