ШАРТНОМАИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ ДУ ШИРКАТ

Июль 29, 2010 15:15

Душанбе, 29 июл.(АМИТ « Ховар», Мавзуна Бойева).- Давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз сабаби ҷойгир будан дар минтақаи ҷуғрофӣ ва серзилзила нисбат ба дигар минтақаҳо аз офати табиӣ зиёдтар зарар мебинанд. Муҳимияти ин масъала дар ҷамъомадҳои байналхалқӣ ва давлатӣ борҳо таъкид шудааст. Ширкати «Вавилон-мобайл» аз аввали фаъолияташ инҷониб дар лоиҳаҳои гуногуни сатҳи давлатӣ фаъолона ширкат меварзад. Тӯли якчанд соли охир ширкат бо ташкилоти «Миссияи Шарқ» ҳамкории зич дорад. 22 июни соли 2010 аз ҷониби роҳбарон шартномаи навбатӣ дар бораи ҳамкории байни ширкатҳои «Миссияи Шарқ» ва ҶСП «Вавилон-мобайл» аз рӯи Барномаи «Паст кардани хавфи офатҳои табиӣ» ба имзо расид. Ҳамкории мазкур дар таҷдиди лоиҳаи «Ҷамъияти шаҳрвандӣ барои паст кардани сатҳи офатҳои табиӣ», ки аз ҷониби Раёсати кӯмакҳои башардӯстонаи Комиссияи Аврупоӣ маблағгузорӣ мешавад, нақши ҳалкунанда мебозад. Ширкати «Вавилон-Мобайл» ҳамчун назоратчии бузургтарин алоқаи мобилӣ барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаи мазкур кӯмаки ҳамаҷониба мерасонад.  

Июль 29, 2010 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад